26 декабр дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 шунида шуд.
Сипас, дар кори маҷлис Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузори оид ба вазъи иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ, Қурбонов М., мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ оид ба вазъи фаъолияти нозирони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 гузориш доданд.
Дар кори маҷлис як қатор лоиҳаҳои қарорҳо, аз ҷумла «Дар бораи фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024», «Дар бораи вазъи иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ», «Дар бораи вазъи фаъолияти нозирони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024», «Дар бораи вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар ташкилотҳои маъмурию ҳудудӣ» аз тарафи аъзоёни раёсат муҳокима ва тасдиқ гардиданд.
Дар маҷлиси раёсат як қатор раисону кормандони ташкилотҳо барои фаъолияти самарабахш дар соли 2023 бо нишони «Фаъоли иттифоқи касаба»-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мукофотҳои соҳавии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.
Дар охири кори маҷлис, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои қарорҳои Раёсат, назорати ҷамъиятии риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбии аъзои Иттифоқи касаба, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ниёзмандон дар арафаи Соли нави мелодӣ, худдорӣ намудан аз оростани зиёфату нишастҳои дастҷамъона дар арафаи соли нави мелодӣ, ба аъзои раёсат, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм супоришҳои мушаххас доданд.

От admin