Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 дар Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» барои раисон, фаъолони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Рӯдакӣ семинари омӯзишӣ доир намуд.
Дар ифтитоҳи семинари омӯзишї раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар назди ҳар як корманд, аъзои иттифоқи касаба масъулияти бештарро мегузорад.
Мақсад аз баргузории семинари мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии раисон, фаъолони ташкилотҳои Иттифоқи касаба, тарғиби арзишҳои демократӣ, муносибати эҳтиромона бо ҳуқуқи инсон, тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзоёни Иттифоқи касаба мебошад.
Дар семинари мазкур, тайи се рӯз иштирокчиён оид ба дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳамияти эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ», риояи санадҳои меъёрӣ-ҳукуқӣ оид ба меҳнат ва иттифоқи касаба, тавассути машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои худро мукаммал менамоянд.

От admin