Дар Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» семинари омӯзишӣ барои раисон ва фаъолони ташкилоти ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Семинари омӯзишии мазкур бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 дар Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» барои раисон, фаъолони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор карда шуд.
Раисон ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Рӯдакӣ тайи се рӯз оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, татбиқи талаботу дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни коллектиҳои меҳнатӣ, оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, иттифоқҳои касаба, татбиқи шарикии иҷтимоӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ, ташкили меҳнат ва техникаи бехатарӣ, тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, пешбурди дафтарчаҳои меҳнатӣ, қабул ва озод намудани корманд аз ҷониби корфармо, бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба корманд, дастурдиҳӣ оид ба вазифаҳои хизматӣ ва омилҳои зараровар дар ҷойи кор, нақши иттифоқи касаба дар пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ донишу малакаи худро такмил доданд.
Таъкид гардид, ки семинарҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии раисон, фаъолони ташкилотҳои Иттифоқи касаба, тарғиби арзишҳои демократӣ, муносибати эҳтиромона бо ҳуқуқи инсон, тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзоёни Иттифоқи касаба дар дигар ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар партави «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 баргузор карда мешавад.
Дар анҷоми семинар ба раисон ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, сертификат дода шуд.

От admin