Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар асоси қарори раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2023, №4/3. «Дар бораи фаъолияти нозирони меҳнат ва ҳуқуқи меҳнат Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2024 бо нозирони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе ва шаҳру нохияҳои тобеи ҷумҳурӣ, таҳти роҳбарии Муҳаммад Сафаров, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир гардид.
Дар машварати корӣ, нахӯст фаъолияти нозирон дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои онҳо барои соли 2024 мушаххас карда шуд.
Муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нозирони ташкилотҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзои Иттифоқи касаба, аз ҷумла баҳси меҳнатии фардӣ, бехатарии меҳнат, кафолатҳои ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, назорати таъмини иҷрои санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ), шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат сифати санҷиш ва назорати ҷамъиятии қонунгузории меҳнат дар муассисаҳои соҳаи маориф, пешниҳоди амрнома оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва дигар самтҳои фаъолият, супоришҳои мушаххас доданд.
Дар машварати корӣ, ҳамчунин, зикр гардид, ки бо қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 2024 «Соли шарикии иҷтимоӣ эълон намудани соли 2024» эълон гардида, дар робита ба эълон гардидани Соли шарикии иҷтимоӣ озмунҳои «Беҳтарин шартномаи коллективӣ» ва «Беҳтарин шарики иҷтимоӣ» роҳандозӣ карда мешавад.
Вобаста ба Соли шарикии иҷтимоӣ эълон намудани соли 2024» барои бурдани корҳои тарғиботӣ дар коллективҳои меҳнатӣ, ҳамкорӣ бо корфармоён оид ба тадбиқи Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ, минтақавӣ барои солҳои 2024 -2026 мониторинг гузаронида, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои шартномаҳои коллективӣ тадбирҳо андешида шавад.
Таъкид гардид, ки љиҳати бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, муносибати эҳтиромона бо қонун, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, таҳкими ҳаракати Иттифоқи касаба, тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ миёни аъзоён ва кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирандешӣ намоянд.

От admin