Бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар партави эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати такмили малака ва бозомўзии раисони Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, нозирони меҳнату ҳуқуқ ва мутахассисони ташкилотҳои зерсохтори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар меҳмонхонаи «Суғдиён» семинари омӯзишӣ оғоз гардид.
Семинари омӯзиширо номзади илмҳои педагогӣ, Самизода Мӯсобек Самӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 зимни пешниҳоди Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба ифтихори санаи бисёр муҳимми таърихӣ — сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад.
Ҳадаф аз баргузории семинари омӯзишӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони Иттифоқи касаба барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоён аз тарафи раисон ва нозирони ташкилотҳои ҳудудии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм мебошад.
Дар семинари омӯзишӣ Қурбонов М., муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳайдаров Д.К, нозири меҳнат, Сайфидинов Ф. нозири ҳукуқи меҳнат ва Шарифов А.М, сармутахассиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд тайи ду рӯз ба раисон ва нозирони ташкилотҳо оид тартиби тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва вазифаҳои кормандон дар ташкилот, тарзи тартиб додани санади шакли Н-1 ва Н-2, омодасозии лоиҳаи шартномаи коллективӣ ва барасмиятдарории он дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тартиби бақайдгири ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», тавзеҳи моддаҳои 17, 19, 21, 22 ва 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», ваколатдори ҷамъиятии ҳифзи меҳнат ва вазифаҳои онҳо, тартиби гузаронидани дастурдиҳӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва шаклҳои он, тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, тарзи таҳияи ҳисобот оид ба фаъолияти Иттифоқи касаба ва тартиби коргузории дар ташкилоти ибтидоӣ, тартиб ва муҳлати нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, ҳамкории иттифоқи касаба бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, назорати ҷамъиятии риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат, сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат, ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат машғулиятҳои назариявию амалӣ баргузор менамоянд.

От admin