Дар доираи ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҳар сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд, Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиддин Ширинзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ба шароити зист ва таълиму тарбияи тарбиятгирандагони Муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш шинос гардида, ба тарбиятгирандагони муассисаи мазкур кӯмаки моддӣ расониданд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон ва ғамхори ятимон буда, мунтазам барои таъмини зиндагии шоиста ба онҳо чораҳои заруриро меандешанд ва аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал меоранд, ки нисбати ин қишри ҷомеа бетараф набошанд ва онҳоро дастгирӣ намоянд.
Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки: «Ман ҳеҷ вақт ятими кулро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».
​Таъкид гардид, ки дар ҷавоб ба ғамхорҳои пайвастаи Пешвои миллат, тарбиятгирандагони муассисаро зарур аст, ки бо аз бар намудани илму донишҳои гуногун, оянда дар рушду пешрафти мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар баробари барномаи таълимӣ, ҳамзамон ба китобхонӣ, аз бар намудани касбу ҳунар машғул гардида, малакаи зеҳнии худро тақвият бахшида, дар озмунҳо, аз ҷумла озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намоянд.

От admin