22 феврал бахшида ба муносибати 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бо иштироки кормандони дастгоҳ, раисони ташкилотҳои ҳудудию маъмурӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва пуриқтидор намудани Қувваҳои мусаллаҳ» ҳамоиш баргузор шуд.
Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки фаъолияту дастовардҳои Қувваҳои мусаллаҳро дар тӯли 31 соли таъсисаш метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат баҳри ҳифзу дифои ҳар ваҷаб замину ҳар зарраи хоки диёр номид, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу такомул ва пуриқтидор намудани вазъи моддиву техникии Қувваҳои мусаллаҳ, беҳгардонии шароити будубош ва таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ хеле назаррас аст.
Ҳамчунин, таҷлили ҳар ҷашну маросим, рӯзҳои таъсис ва санаҳое, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз кардаанд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар- ин арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое мебошад, ки ба хотири ободию шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат тамоми шароиту имкониятро барои зиндагии шоиста, бақои давлатдорӣ ва ояндаи дурахшони сокинони ватанамон муҳайё кардаанд.

От admin