22 феврал дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст дар кори маҷлис, гузориши И. Хӯҷаев, сардори раёсати молия, банақшагирӣ ва хоҷагидорӣ оид ба вазъи иҷрои буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 шунида шуд ва буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Сипас гузориши М.Қурбонов, мудири шуъбаи шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ оид ба вазъи назорати ҷамъиятии риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбии аъзои Иттифоқи касаба дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Қубодиён, Файзобод ва Рӯдакӣ шунида шуд.
Ҳамчунин, дар кори маҷлис, лоиҳаи як қатор қарорҳо аз тарафи аъзоёни пленум, муҳокима ва қабул гардиданд.
Дар охири кори маҷлис раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзоёни пленум, кормандони сохтори дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, раисони ташкилотҳои соҳа, раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, Соли шарикии иҷтимоӣ эълон гардидани соли 2024, 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои аъзои иттифоқи касаба, тақвияти фаъолияти фаъолияти нозирони ташкилотҳо, иҷрои қарорҳои пленум, дар сатҳи баланд баргузории озмунҳо, саҳмгузоштан дар маъракаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ, дар сатҳи баланд ташкилӣ ва баргузор кардани чорабиниҳо ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, Иди байналмилалии Наврўз супоришҳои дахлдор доданд.

От admin