Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Спартакиадаи варзишӣ байни донишҷўёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии пойтахт аз рўйи намуди волейбол, шоҳмот ва тениси рўйи миз, ки ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷамъбаст гардид.
Дастаи волейболбозони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, тенисбозони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва шоҳмотбозони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба даври ҷумҳуриявии Спартакидаи варзишӣ, ки 25 майи соли равон дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Ғолибони ҷойҳои ифтихории даври минтақавии Спартакидаи варзишӣ бо туҳфаҳои молиявӣ ва хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

От admin