Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май, Дави миллӣ гузаронида мешавад.
Кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар қатори дигар намояндагони касбу кори гуногун, кормандони вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо дар Дави миллӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки мақсад аз иштирок дар Дави миллӣ- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он мебошад, ки ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст.

От admin