Дар доираи нақшаи кори Ситоди «Тобистон-2024» доир ба ташкил ва баргузории истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024, имрўз Сафарзода Хушбахтшо – сармутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзизода Исмоил-муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Зулҳияи Нозакзода – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазъи омодагии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷумла ба вазъи омодагии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Маркази солимгардонии Суғд»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд шинос гардиданд.
Зикр гардид, ки иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кўдакони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кўдакон ва наврасон қарори дахлдор ба тавсиб мерасад.
Дастур дода шуд, ки оид ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2024» ҷиҳати ташкили самараноки солимгардонии кўдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, дар давраи истироҳати кўдакон ва наврасон ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сўхтор ва тарбияи ватандўстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вохўрию суҳбатҳо ташкил намоянд.
Таъкид, гардид, ки барои фарогирии кўдакону наврасон аз ҷумлаи ятимону бепарастор, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, оилаҳои камбизоат, хонандагони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба истироҳатгоҳ диққати махсус зоҳир намуда, шароити мусоиду беҳтарро барои истироҳати кўдакон ва наврасон дар тобистони соли 2024 фароҳам оваранд.

От admin