Ҳамасола якуми июн дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббуси Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиятгирандагони «Мактаби варзишии ҷавонон ва наврасони иттифоқи касаба» мусобиқаи варзишӣ аз рўйи намуди футболи хурд баргузор гардид.
Зимни тақдими мукофотҳо ба наврасон таъкид гардид, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кўдакони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

От admin