28-уми апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки нозирони ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, намояндаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати 28 апрел – Рўзи Умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз намуданд, ки бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳамасола 28-апрел ҳамчун Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат таҷлил карда мешавад.
Таъкид намуд, ки Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм, ки шарики боэътимоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, барои дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳо ҳамкориро дар ҷодаи ҳифз ва бехатарии меҳнат тавассути муколамаи иҷтимоӣ ба роҳ монда истодааст.
Дар ин самт дар баробари доштани ҳуқуқ, уҳдадориҳо дар бахши таъмини ҳифз ва бехатарии меҳнат вазифаи иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбанд.
Зикр намуд, ки боиси қаноатмандист, ки нозирони ташкилотҳои соҳа дар тадбиқи сиёсати иҷтимоӣ, рушди муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифз ва бехатарии меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм дар сатҳи ҷумҳурӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.
Алӣ Иброҳим Саидзода, мудири шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар баробари вазифа ва уҳдадориҳои нозирони ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» баромад намуда, зикр намуд, ки қонунгузорӣ дар муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба таъсис додан ва баланд бардоштани самаранокии системаи муқовимат ба савдои одамон тавассути муайян кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур, муқаррар намудани принсипҳои умумии ҷавобгарии ҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар самти савдои одамон, муқаррар кардани мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон, кафолатҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва шаклҳои ҳимояю дастгирии онҳо, батанзимдарории қонунии ваколатҳои субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон, асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳамкории байни онҳо, инчунин бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудааст.
Қурбонов М., мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ оид ба масъалаҳои талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат, тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат, сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат, ҳифзи меҳнат дар ташкилот, назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба, ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат, назорати ҷамъиятӣ барои риояи санадҳои меъѐрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, иштирок намудан дар баррасии баҳсҳои меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи меҳнат ба иштирокчиёни семинари омўзишӣ тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.
Дар раванди семинари омўзишӣ Ҳайдаров Д., нозири ҳифзи меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Раҳматов О., нозири ҳифзи меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Сайфиддинов Ф., нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд, Шарифзода И., нозири ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон оид ба дастовард ва мушкилот дар самти фаъолияти нозирони ташкилотҳо маърўза намуданд.













