7 майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси пленуми ғайринавбатии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои пленум, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва раисони ташкилотҳои иттифоқи касаба ҷараён гирифт, масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии дохилӣ баррасӣ гардид.
Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки Низомнома дар бораи пардохти музди меҳнат, иловапулиҳо, рухсатиҳо, ҳавасмандгардонӣ, кўмакпулӣ, ҷубронпулӣ ва сафарҳои хизматӣ барои кормандони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 13 марти соли 2025, №ШГ21/3 тасдиқ гадидааст.
Дар идомаи маҷлис, оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба як қатор санадҳои меъёрии дохилӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фароварди маҷлис раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қатъи санадҳои меъёрии дохилии қабулгардида, иҷрои саривақтии қарорҳои пленум, раёсат, дар сатҳи баланд ташкил ва барузории истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии дар тавозуни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм қарор дошта, фаъолияти самарабахши Ситоди Тобистон-2025, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати муносибати сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии неруи барқ дар байни аъзоёни иттифоқи касаба, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани озмунҳо, сатҳу сифати ҳисоботҳои даврӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ташкилотҳои соҳа супоришҳои дахлдор доданд.









