Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98-и шаҳри Турсунзода барои раисон, фаъолони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимӣ дар партави эълони гардидани Соли 2025 «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба» семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Семинари омўзиширо Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба, самаабахш гардонидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, қарори Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 9 январи соли 2025, № 19/6 соли 2025 «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба» эълон гардидааст.
Мақсад аз эълон гардидани соли 2025 «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба» корҳои таблиғотӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ба таври густурда ба роҳ монда мебошад.
Дар семинари омўзишӣ оид ба низоми коргузорӣ, тартиби баргузории маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касаба, ҳамраъйӣ, ёрии ҳамдигарӣ, масъулиятшиносӣ дар назди аъзои Иттифоқи касаба барои амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои оинномавӣ, қабул ва хориҷ кардан аз аъзогии Иттифоқи касаба ва дигар самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ба иштирокчиёни семинар машварату дастурҳои тавсиявӣ дода шуд.




