Дар партави эълони гардидани Соли 2025 «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба» барои раисони ташкилоти ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Шаҳринав дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо иштироки Раҳимов Қ., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба, самаабахш гардонидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, вобаста ба эълон гардидани соли 2025 «Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба» корҳои таблиғотӣ дар байни ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ба таври густурда ба роҳ монда шудааст.
Дар семинари омўзишӣ оид ба низоми коргузорӣ, тартиби баргузории маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, масъулиятшиносӣ дар назди аъзои Иттифоқи касаба барои амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои оинномавӣ, қабул ва хориҷ кардан аз аъзогии Иттифоқи касаба ва дигар самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ба иштирокчиёни семинар машварату дастурҳои тавсиявӣ дода шуд.







