Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ барои муҳосибони ташкилотҳои Иттифоқи касабаи маориф ва илм, семинари омўзишӣ барузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳии раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати молиявӣ, рақамикунонии иқтисод, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи шаффофияти маблағ аз масъалаҳоест, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷӯҳи ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли фаъолият қарор дорад.
Зикр гардид, ки маърифати баланди молиявӣ тақозои раванди ислоҳоти густурдаи иқтисодӣ буда, дар ҳамбастагӣ бо технологияҳои рақамӣ, низоми ғайринақдии хидматрасонӣ ба ташаккули системаи молиявии устувор дар ташкилотҳои Иттифоқи касаба мусоидат менамояд
Дар семинари омўзишӣ, мутахассисони раёсати молия банақшагирӣ ва хоҷагидорӣ, раиси комиссияи назоратию тафтишотии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯъҳои баланд бардоштани маърифати молиявии муҳосибони ташкилотҳои иттифоқи касаба, коргузории муҳосибӣ, воситаҳои рақамӣ барои беҳтар намудани хидматрасониҳои молиявӣ, нақши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар низоми молиявии иттифоқи касабаро матраҳ намуданд.












