Ноқибил аст он, ки ба давлат намерасад…

Новости

Таъсиси «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон», аммо дар асл бадандешон аз ҷониби муздурони Кабирӣ, аз ҷумла Саидюнуси Истаравшанӣ, Темур Варқӣ., Алим Шерзамонов. ва дигар бадандешон, ки аз ҳисоби муздурии Кабирӣ дар Аврупо паноҳ мебаранд бори дигар ошкор гардид, ки Кабирӣ дар пайи таъсиси ташкилотҳои нави терроррист-экстремизм ҳаст.

Аслан, ин «Анҷуман» ҳаводоре надорад, танҳо чортан аз ёрони Кабирист, ки ба хотири ёфтани луқмаи ноне дар Аврупо «дастгоҳи таблиғотӣ» – и Кабириро пеш мебаранд.

Ростӣ ин бадандешон то ҳол ба мафҳуми озодӣ сарфаҳм нарафтаанд ва аз гумроҳӣ ва муздури дар «роҳи сухан» ин анҷуманро таъсис додаанд. Зеро мафҳуми озодӣ ва озодандеширо мардуми шарафманди тоҷик хеле барвақт дарк намудааст ба сатҳи моҳияти озодие, ки Б.Спиноза шарҳ дода буд, яъне: « озодӣ-ин зарурати дарк намуда, яъне имконияти интихоб, ки ба донистани эҳтироми қонунҳо асос ёфтааст».

Ягон ҷои тардид ва шубҳа ҳам нест, ки таъсиси ингуна анҷуман аз тарафи бадандешон ин ҳиллаи шаръии Кабирӣ ба хотири муздур ва пешбурди «зиндагиаш» дар Аврупост ва ин бадандешон низ аз ҳисоби муздурии Кабирӣ «зиндагӣ»-и худро пеш мебаранд, яъне:

Аз гулўи худ рабудан вақти ҳоҷат ҳиммат аст,
В-арна ҳар кас вақти серӣ пеши саг нон афканад.

     Таъсиси ин анҷумани бадандешон агар аз як тараф охирин «умедҳои хомўшгашта»-и Кабирӣ бошад, аз тарафи дигар чеҳраҳои аслии бадандешонро бори дигар ва охиринбор низ бозгўй намуд, зеро ин анҷуман охирин «шуълаи умед»-и Кабирист, ки чун ноқибиле, ки даъвои давлат мекунад, аммо мутаассиф аз онам, ки Кабирӣ ҳангоми таҳсил дар риштаи шарқшиносӣ аз адабиёти пурғановати тоҷик бехабар будааст, ба вижа аз осори Амир Хусрави Деҳлавӣ:

Ноқибил аст он, ки ба давлат намерасад,
В-арна замона дар талаби марди қобил аст.
Дар кунҷи ҳуҷра гар нарасад нури офтоб,
Дар ҳуҷра монеъ аст, на хуршед мудхил аст.

Ва ё:

Чу хар ақле надорад кай шиносад,
Ки оқил кист ё девонагӣ чист?
Агар хар менадонад оқилӣ чист,
Ҳамон оқил ҳамедонад, ки хар кист?

Манзури манн ин ҷо дар радифи Кабирӣ аз Кури Саидюнус ва Темури Варақӣ низ ҳаст, ки ин бадандешон ба ҷуз аз дунболи Кабирӣ рафтан, дигар ҷойи рафтан низ надоранд.

Ба «Барнома»-и ин бадандешон низ шинос гардидам, ки яке аз «ҳадаф»-ашон ин гўиё тарғиби арзишҳои миллии халқи тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ҷои тардид нест, ки «масъул»-и он Саидюнуси Истаравшанӣ ҳаст, аммо, курдиле, ки ҳафтпушташ ҷинояткор асту дар Истаравшани бостонӣ ин «хонадон»-ро бо ғоратгарӣ ҳама мешиносанд, чи гуна боз таблиғгари арзишҳои пурғановати миллии як халқи шарафманд шуда метавонад?

Овардани як пора аз номаи мардуми шарафманди Истаравшани бостонӣ ба унвони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кофист, ки хонандаи ин сатрҳо ки будани Кури Саидюнусро бори дигар донанд: «»Ҷаноби сафир! Умедворем, ки Шумо чеҳраи Сайидюнус Бурҳоновро, ки чун сутури аз гала мондаи аз охури бегона ба серӣ алаф хӯрда, аз ҷониби соҳиби охур ба майдони шабакаҳои интернетӣ ба «ҳарбу зарб» андохта шудааст, хуб шинохтед».

Ҷаноби сафир! Бигзор, Сайидюнус Бурҳонов нависад, гӯяд, ҳарчи ихтиёри хоҷагонаш бошад, аз сарзамини Эрон он кунад. Ҳадаф аз номаи мо танҳо як чиз аст: номи Истаравшани азизи мо, ки ифтихор аз ќаҳрамонӣ, меҳанпарастӣ фазилату маърифати фарзандонаш дорад, аз исми Сайидюнус-зодаи хонадоне, ки бобояш ба ҷурми дуздии нони мардум, падараш ба аспдуздӣ, худаш муҷиби ҷон додани зане дар маҳбас, занҷаллобӣ, дар нимароҳ монондани ҳамсару фарзанд, сабабгори бо экстремизму ќочоќи маводи мухаддир зиндонӣ шудани бародарон гаштааст, бардошта шавад.

Ба он далел ки Сайидюнус Бурҳонов дар паноҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, Шумою руасои кишвари Эронро хосторем дар кори хайр-гирифтани тахаллуси «Истаравшанӣ» аз номи Сайидюнус мусоидат намоед».

Пораи дигареро аз «ҳолнома»-и бадандеши дигар Алим Шерзамонов мерем: «Ӯ ҳамеша омода аст манфиатҳои зодгоҳу Ватану миллати худро қурбони ҳадафҳои  уғризонаи хеш созад. Пас куҷо ӯ ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки ба тамоми ҷомеа чунин ҳазёнхонӣ намояд. Аз инҷост, ки дар Бадахшон мавқеъ пайдо карда натавонист, сипас ба Душанбе омад, то ин ки тавонад зиндагияшро бо роҳи фанду фиреб пеш барад. Аммо тираш хок хурд. Дар инҷо ӯро на касе эътироф намуду на ба ҷое даъват мешуд. Маҷбур шуд, ки роҳ ҷониби кишвари Русияро пеш гирад. Онҷо ҳам касеро натавонист ба ҷониби худ моил намояд. Ҳодисаҳои як соли охир нишон медиҳад, ки ҳатто зодагони Бадахшон аз  ӯ ва аз иғвогариҳояш хаста шудаанд». Мо аз сафсатаҳои Темур Варќӣ, ки муассиси телевизиони «Сафо», аниќтараш «дастгоҳи таблиѓотӣ»-и Кабирӣ мебошад, огоҳии бештаре низ дорем.

Оре, ҳамин аст, «ҳолнома»-и бадандешон, аммо аз тарафи дигар бадандешон нағз дарк намудаанд, ки иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст. Ва ҳеҷ иттилое бидуни мақсад пахш намегардад. Бо таъсиси ин анҷуман бадандешон бори дигар аз кинаву адолати хеш «иттилоъ» доданд, аммо бадандешон дарк накардаанд, ки гирандаи иттилоъ-мардуми шарафманди тоҷик аз бадтинатию бадандешии онҳоро даҳсолаҳо боз медонанд.

Аслан, таъсиси анҷумани бадандешон ин дар доираи «проекти исломӣ»-и Кабирӣ баъд аз қатъ гардидани Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон дар соли сипаригардида мебошад. Зеро ба андешаи Додоҷон Атовуллоев, раҳбари собиқи Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон: «​ман бар он ҳастам, ки дар ин айём, дар ин замон, проекти исломӣ ҳамаро ба чоҳ мекашад. Зеро на минтақа, на ҷаҳон ва на мардуми Тоҷикистон ончуноне мо дидем, наҳзати исломии Тоҷикистонро қабул надоранд. Ман тасаввур мекунам, ки эътилоф бо ҲНИТ ба суди мардум ва кишвар нест. Ончунон ки ман ҳис мекунам, ҲНИТ мехоҳад сарлашкари мухолифат ё эътилофи нав ҳамин ҳизб бошад, ҳизбе, ки ҳамаи шансҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун осон аз даст дод.»

Бадандешон бо сарварии Кабирӣ дар Аврупо аз чанд «лоиҳа» кор гирифтанд, аммо ноком гардиданд ва қисме аз ҳамсафонашон аз ин бадандешон рўй гардониданд. Ҳадаф аз таъсиси анҷумани бадандешон як аст, ин ҳам аз хориҷ бадандешонро назорат намуда, машварат диҳанд ва ба ҳар роҳу воситае мехоҳанд худро дар назди ҷомеаи Ғарб «қурбонӣ» нишон диҳанд. Маҳз тавассути ҷонибдорони хориҷиашон онҳо то тавонанд худро ба чунин «анҷуманҳо»-и дигаре бирасонанд. Дар ҳоле ки ҳадафи асосии ин бадандешон гирифтани «имтиёз» барои худ дар кишварҳои ғарбист. На кори дигар.

Аслан, таъсиси анҷумани бадандешон ин як «проекти исломӣ»-и Кабирӣ баъд аз парокандашавии Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки худро ташаккули иборат аз эътилофи созмонҳои сиёсии мухолифи ҳукумат муаррифӣ мекард, ки фаъолияти худро дар соли сипаригардида қатъ карда буд, мебошад Агар бадандешон дар орзуи он бошанд, ки бо таъсиси ин «анҷуман» номи худро «зинда» медоранд, ин хатост, зеро вақте, ки шахс ватанфурўш, хоин ва бадандеш ва дур аз Ватан бо номи муздурӣ мемирад ва аз насле ба наслеву аз асре ба асре хоинӣ ва ватанфурўшиаш мунтақил мешавад ҳеҷгоҳ «анҷуман»- е номи ўро зинда намедорад:

Ба он кас бувад зиндагонӣ ҳаром,
Ки ўро намонад пас аз марг ном.

Аслан вақте бадандешон дар атрофи як ватанфурўш, хоин чун Кабирӣ ҷамъ омаданд ва беҳудагўйӣ мекунанд, мо суханро дар атрофи ин анҷумани бадандешон дарозо намекунем ва онро ба байте ҳусни анҷом мебахшем:

Шудан гирди ҳар кўй ҳангомаҷўй,
Чу ҳангомагирони беҳудагўй.

Иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон