Ў БА МО ДЕВОНУ ДАФТАР, ҲАМ ВАТАН, ҲАМ ХАЛҚ МОНД

Новости

 

 

Ў ба мо девону дафтар, ҳам ВАТАН, ҳам халқ монд

(ба ифтихори 140-солагии зодрӯзи  Қаҳрамони Тоҷикистон

 устод Садриддин Айнӣ)

          Басо рамзист, ки имсол 140-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айниро ҷашн мегирем. Бо таъкиди Пешвои муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми устод Айнӣ дар пешрафти назму нави тоҷикӣ, илми адабиётшинос, таърихнигорӣ, ҳунаршиносӣ, рӯзноманигорӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, мақолаҳои публитсистӣ, фарҳангнигорӣ ва монанди инҳо хеле бузург мебошад».

      Устод Садриддин Айнӣ дар баробари як шахсияти адабӣ будан, аз поягузорони ҳаракати иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми тоҷик мебошад, зеро ҳамчун муддарис, муаллифи китобҳои дарсӣ, бунёдгузори мактабҳои усули нав ба забони тоҷикӣ, ислоҳотпарвари мактабу маориф, ҳимоятгари миллат ва илми тоҷик, нахустин президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамраъйии аҳли маорифу илми тоҷик саҳми беандоза гузоштааст. Ҳамчунин, дар соири осори адабӣ, таърихӣ ва публитсистии худ, ҳаёти ҳалқи тоҷикро барои расидан ба истиқлолиятхоҳӣ ва ҳамраъйӣ инъикос намудааст. Ба қавли профессор Иброҳим Усмонов: « Ҳеҷ кас беҳтар аз устод Айнӣ сарнавишти халқи тоҷикро нагуфтааст ва нашинохтааст, ҳеҷ кас бештар аз Садриддин Айнӣ дарк нанамудааст, ки пайвандкуниҳову ташбеҳдиҳиҳо ба давлату қавмҳои дигар моро ба куҷоҳо бурда метавонад. Ва кам одаме будааст, чун ӯ оромона, ба иззати нафси миллате, дине, халқе, кишваре нарасида, миллати худро ҳимоя намудааст ва инро дар осори бадеию публитсистӣ ва илмӣ ифода кардааст (И.Усмонов. «Ҷойи ҷони миллати тоҷик»// «Адабиёт ва санъат» 12.04.2018, №15 (1934), С-13).

     Тасвири вазъи сиёсию иҷтимоии толибилмон дар мадрасаҳои Бухоро, таъсиси ҷамъиятҳои илмӣ, озодихоҳӣ, таъсиси мактабҳои усули нави тоҷикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба илму маориф аз тарафи устод Садриддин Айнӣ далели онаст, ки устод Садриддин Айнӣ  аз поягузорони ҳаракати иттифоқи касаба ва ҳамраъйии аҳли илму маорифи тоҷик аст. Агар ба зиндагиномаи устод Садриддин Айнӣ нигарем, мебинем, ки муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро  аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд. Дар мактаби ҳаёт устод Садриддин Айнӣ ҳаёти ҷамъиятро омӯхт.

Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодор дониши зиндагӣ омӯхт. Ин омилҳо дар ҷаҳонбинии устод, бахусус дар ҳифзи сиёсӣ ва иҷтимоии аҳли илму маориф низ таъсири бузурге гузошт. Бо ғалабаи Инқилоби Октябр устод Садриддин Айнӣ аз нав ҷавон шуд.

Аз соли 1918 дар соҳаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кард, баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тиҷорати он хидмат кард. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой оварда, соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС интихоб шуд. Дар соҳаи илм ба  дараҷаи доктори илмҳои филологӣ, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС ӯзбекистон тақдир карда шуд, академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъин гашта, нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1954) гардид.

       Устод Садриддин Айнӣ дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори  аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кард. Дар осори адабӣ ва таърихии хеш лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пешазинқилобию даврони инқилоб, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинона ба тасвир овард ва ҳаёти беш аз садсолаи халқи тоҷикро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатмандӣ расидани халқи тоҷикро равшану зинда  ҳикоят кард.

         Дар ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намудаи хеш, вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овард ва  пеш аз маргаш тавонист, ки  рӯзгори як давраи томи халқи тоҷик, дар чаҳор ҷилд дар «Ёддоштҳо» тасвир намояд. Инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф дар «Ёддоштҳо» ва талошҳои маорифпарваронаи устод Садриддин Айнӣ бозгӯи онаст, устод дар саргаҳи ҳаракати маорифпарварии халқи тоҷик қарор дорад.  Ба қавли академик Бобоҷон Ғафуров: «Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.»


Воқеан, устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки дар ибтидои асри ХХ рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми қуввату дониш ва нерӯи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. ӯ аз рӯзгори пуртазоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш дар шинохт ва муаррифи халқи тоҷик хидматҳои мондагоре намуд.

Дар он марҳалаи басо тақдирсози таърихӣ зимомдорони давр ва як зумра шахсони ғаразнок бо ҳамдастии баъзе афроди ноогоҳ ва шахсиятҳои бегонапараст адолати таърихиро поймол намуда, мехостанд дар масоили шинохти миллият, манфиатҳои миллӣ ва иҷтимоиву иқтисодии тоҷиконро пушти по зананд. Вале устод Садриддин Айнӣ ҳамчун фарзанди огоҳу бедордили миллат, дар чунин даврони печидаву сангин ба пуштибонии миллат ва ҳифзи манфиатҳои он бархост ва бар зидди ҳама гуна равияҳои зиёновари миллатгароиву ҷудоиандозӣ мардонавор мубориза бурд ва силсилаи иқдомоти  иҷтимоӣ ва фарҳангиро барои таҳкими арзишҳои милливу суннатии тоҷикон ва бунёди давлату давлатдории мардуми худ амалӣ намуд.

    Дар он даврони ниҳоят ҳассосу пурихтилоф ба хотири ташкили зиндагии нави халқи тоҷик фидокорона заҳмат кашид ва яке аз фаъолони дигаргунсозии ҳаёти сиёсӣ ва  фарҳангии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Масалан, бо ҳидояти устод Садриддин Айнӣ соли 1934 ҷашни 1000 – солагии шоири бузургдошти оламшумули тоҷику форс Абулқосими Фирдавсӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин ҷашн, пеш аз ҳама, тарѓиби ғояҳои волои худшиносиву ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва қаҳрамониҳои бемислу монанди ниёгони сарбаланди мо дар масири таърихи чандҳазорсолаашон буд, ки дар он рӯзҳо ҳамчун мактаби бузурги қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба миллати фарҳангии тоҷик хизмат намуд.

Имрӯз дар замони истиқлолияти Тоҷикистони азизамон орзую омол ва ормонҳои наҷиби устод Садриддин Айнӣ мақому манзалати хоса пайдо карда, барои наслҳои имрӯзаву оянда чун тимсоли олии  фидокорӣ ва мактаби ибратомӯзи ватанпарварию миллатдӯстӣ хизмат менамояд.

Ҳамин тавр, андешаҳои миллӣ ва истиқлолиятхоҳии устод Садриддин Айнӣ аз омилҳои муҳиме мебошанд, ки дар ҳифзи ягонагии миллат ва якпорчагии он, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин густариш пайдо кардани худогоҳиву худшиносӣ дар ҷомеа нақши муайянкунанда мебозанд.

 

                          Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва  

                           илми Ҷумҳурии Тоҷикистон