Робитаи ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Ўзбекистон бар таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар замони шўравӣ ба миён омада будаанд, асос ёфтааст. Аммо, мутаассифона вобаста  ба рўйдодҳои таърихии  солҳои 90-и асри XX то баёни Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон  муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дўстӣ ва накўҳамсоягӣ аз  9 марти соли 2018 байни ташкилотҳои иттифоқи касабаи ду кишвар робитаи ҳамкорӣ  дар сатҳи зарурӣ вуҷуд надошт, аммо дар тўли 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо нафар ҷавонони Ўзбекистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро хатм намуда, ҳамчун узви иттифоқи касаба дар пешрафти иттифоқҳои касабаи Ўзбекистон саҳми муносиби хешро гузоштаанд, ки аз мактаби иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, аз ҷумла, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сабақ омўхтаанд. Ва ҳамчунин дар давраи нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта, садҳо зиёии ўзбекзабони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳиҷрат намуда, имрўзҳо дар пешрафти маориф ва илм ва ҳаракати иттифоқҳои касабаи Ўзбекистон саҳм гузошта истодаанд.

Аз ин рў, робитаҳои гуногунҷабҳаи байни тоҷикону ўзбекон решаҳои амиқи таърихӣ дошта , дар низоми давлатдории шўравӣ барои пешрафти ҳаракатҳои иттифоқи касаба дар қаламрави Осиёи Марказӣ намояндагони ин ду миллати бузург дар асоси принсипҳои накўҳамсоягӣ, дўстона ва бародарӣ саҳмгузорӣ намудаанд.

Аммо, санаи  9 марти соли 2018   дар муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону  оѓози марҳиллаи нави таърихӣ ба миён омад, чунончӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар «Шоми дўстӣ» ба муносибати сафари давлатии  Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иброз доштанд:  «Бо амри тақдир ва бо сабабҳои гуногун тайи ду даҳсолаи охир халқҳои бародари мо бегона шуда, қариб ҳамдигарфаҳмиро аз даст дода буданд. Вале имрўз бо шарофати дурбинонаи Шавкат Мирамонович ҳама мушкилот ва монеаҳо бартараф карда шуданд.  Ва имрўз иродаи сиёсии ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд ба истифодаи ин таҷрибаи возеҳи таърихӣ ва умумияти бой барои рушди кунунӣ ва минбаъдаи ҳамкории мутақобилаи халқу давлатҳоямон дар тамоми соҳаҳо равона шудааст». Ҳамагуна монеаҳое, ки дар тўли ду даҳсола байни ду кишвар мавҷуд дошт, бо ташаббуси муштарак бартараф гардид.

Ҳамин тавр, Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон  муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дўстӣ ва накўҳамсоягӣ аз  9 марти соли 2018 ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба  дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи маориф ва илм ва ташкилотҳои иттифоқи касабаи ду кишвар такони нав бахшид, аз ҷумла:

– ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанги гуманитарӣ, рушди робитаҳои мустақим ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва варзишӣ, ташкилотҳои ҷавонон ва бонувон, иттифоқҳои касаба ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ:

– тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тавассути густариши ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Академияи илмҳои ду кишвар;

– эҷоди шароити муносиб дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва омўзгорӣ, табодули сафарҳои пажўҳишгарон, мутахассисон, кадрҳои профессори омўзгорӣ ва донишҷўён, инчунин мубодилдаи маълумот оид ба эътирофи мутақобилаи санадҳо  доир ба тахассус  ва унвонҳои илмӣ.

-масъалаҳои такмили омўзиш ва таълими забони ўзбекӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Ўзбекистон, тавсеаи шабакаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омўзиши забонҳои тоҷикӣ ва ўзбекӣ, роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати табодули адабиёти таълимӣ ва бадеӣ, нашрияҳои даврӣ ва интишороти илмӣ, мусоидат дар тарҷумаи осори классикон ва муаллифони муосири ду кишвар;

– масъалахои ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани робитаҳо миён ходимони фарҳангӣ, илмӣ ва маориф.

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар партави ин иқдомҳои муштарак нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, барои барқарор намудани робитаҳои судманд ба унвони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Ўзбекистон мактуби расмӣ ирсол намуд.  Ҳадаф аз ҳамкориҳо дар соҳаи иттифоқҳои касаба пеш аз ҳама замина гузоштан ба рушди робитаҳои мустақим ва табодули таҷриба байни ташкилотҳои иттифоқи касабаи муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Ўзбекистон мебошад.

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин тасмим гирифтааст дар заминаи  банди 7-и Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон  муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дўстӣ ва накўҳамсоягӣ аз  9 марти соли 2018 мулоқотҳои дучонибаи раисони Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми ду кишварро ҷиҳати баррасии дурнамои масъалаҳои иттифоқи касаба дар соҳаи маориф ва илм  ба роҳ монад. Зеро банди 7-и Изҳороти мазкур зарурияти тавсеаи ҳамкориро дар самтҳои мухталифи  иттифоқҳои касаба, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва илм бо мазмун ва сифати нав ѓанӣ гардонидани онҳоро дар миён гузоштааст. Аз ҷумла, огоҳии бештар аз вазъи иҷтимоӣ ва шароити  кории омўзгорони ўзбекзабон дар Тоҷикистон ва омўзгорони тоҷикзабон дар Ўзбекистон аз ҳамкориҳои калидӣ миёни Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ду кишвар мебошад. Ва вазифаи муҳим низ аз он иборат мебошад, ки  ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ду кишвар дар самти маориф ва илм ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид  барои густариши шабакаҳои муассисаҳои таълимӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва омўзгорӣ таваҷҷўҳи мунтазам зоҳир намоянд.

Аз тарафи дигар кўшишҳои судманд барои ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ду кишвар дар рушди таҷрибаи пешқадаму падидаҳои ибратпазир, тозакориҳои касбӣ ва дигар самтҳои ҳаракати иттифоқҳои касаба метавонанд ба пешрафти ҳаракати иттифоқҳои касабаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд. Дар ин самт тавсеаи ҳамкориҳои пайваста бо ташкилотҳои иттифоқи касабаи Ўзбекистон хеле муфид мебошад. Ва аз ҳама муҳим, ки зиёиён, ходимони маориф ва илм, донишҷўёну омўзгорони ду кишварро ба ҳаяҷон меоварад ин муносибатҳои созандаи ҳамкорӣ мебошад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохўрӣ  бо зиёиёни мамлакат, 19 марти соли 2018  таъкид намудаанд, ки «Мо тамоми масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ кардем ва ҳамаи монеаҳоеро, ки дар тўли беш аз 26 сол садди роҳи муносибатҳои ҳасанаи халқҳоямон буданд, аз байн бардоштем. Аз ҷумла, эълон доштем, ки мо бояд барои истифодаи озодона ва рушди забонҳои модарии тоҷикон дар Ўзбекистон ва ўзбекҳо дар Тоҷикистон, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва риояи расму оин ва маросиму суннатҳои миллӣ шароит фароҳам оварем.

Акнун вазифаи зиёиён аст, ки ин масъалаҳоро тавассути баргузор намудани ҳамоишу конфронс, суҳбату машваратҳои илмиву фарҳангӣ ва омўзишу таҳқиқи якҷоя баррасӣ намоянд»

Иттифоқи касабаи кормандони маориф

                                                   ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

От admin