Рӯзҳои 10-12 декабри соли равон толори меҳмонхонаи «Сирена»- и шаҳри Душанбе воқеъ дар доираи лоиҳаи консортсиум бо мусоидаи Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи маорифи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав доир гардид.

Дар семинари омӯзишӣ фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи маорифи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав масъалаҳои ба роҳ мондани гуфтушуниди коллективӣ, гуфтушуниди дуҷониба ва сеҷониба, бастани созишномаи соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар иттифоқи касаба, таҳлил ва баррасии мушкилотҳои мавҷуа дар сатҳи зарурӣ, таҳлил ва муайян кардани мушкилот ва роҳҳои ҳали он, таҳияи нақшаи чорабиниҳо дар сатҳи дахлдор, тарзи таҳлил, татбиқ ва мониторинги нақшачорабиниҳои таҳиягардида, банақшагирии фаъолият дар сатҳи минтақавӣ, шаҳр ноҳия ва
муассиса ва дигар масъалаҳои марбут ба иттифоқи касабаи соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷамъбасти семинари омӯзишӣ ба фаъолони иттифоқи касабаи соҳаи маорифи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав Сертификати Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омӯзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

От admin