Кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1.08.2020, №437 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар шаҳри Душанбе» дар хиёбони Неъмат Қарабоев дарахтони сузанбарг шинониданд.
Маликшоҳ Неъматзода- раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон зимни чорабинии нихолшинонӣ иброз дошт, ки: «Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҷиҳати ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва мавзеъҳои кабудизор, дар шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар шаҳри Душанбе саҳми муносиб мегузоранд.» Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи иқдоми «Шаҳри сабз» ва муроҷиатномаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 23 сентябри соли 2020 ба сокинони шаҳри Душанбе аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Одиназода Рамазон Сафар-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маъракаи ниҳолшинонӣ иброз намуд, ки: «Иқдоми навбатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт аз ҷониби кормандони Иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф ва илм низ ҳамовозӣ пайдо намуд. Аз ҷониби онҳо дар ҳудуди пойтахт 100 бех дарахти ҳамешасабз имрӯз шинонида шуданд.»

От admin