Санаи 10 апрели соли равон толори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон таҳти раёсати Одиназода Рамазон Сафар – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Неъматзода Маликшо Маҳмадшо – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Собирзода Нуралӣ Миралӣ – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи нахуст ҳайати пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра карда шуд. Сипас Одиназода Рамазон Сафар – раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 гузориш дод.
Дар баррасии масъалаи мазкур Неъматзода Маликшо Маҳмадшо – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Собирзода Нуралӣ Миралӣ – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокира баромада, фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Ҷаласаи пленум ҳамчунин масъалаҳои иҷрои буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баррасӣ намуда, буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, қарорҳои конференсияи ҳисоботию интихоботии ташкилотҳои ҳудудии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Нақшаи чорабиниҳо дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасонро дар соли 2021 тасдиқ намуд.
Аъзоёни пленум ҳамчунин Созишномаи соҳавӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2021-2023 маъқул дониста, аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

От admin