Дар доираи лоиҳаи консортсиум бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омўзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе семинари омўзишӣ барои фаъолони иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Файзобод тайи се рўз семинарии омўзишӣ доир мегардад. 

Дар семинарии омўзишӣ фаъолони иттифоқи касаба оид ба сохтор, фаъолият, асосҳои ҳуқуқӣ, вазифа ва уҳдадориҳои ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омўзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани гуфтушуниди коллективӣ, гуфтушуниди дуҷониба ва сеҷониба, ҳуҷҷатнигорӣ дар иттифоқи касаба, мушкилотҳои мавридӣ, таҳлил, муайян кардани мушкилот ва роҳҳои ҳалли он, муҳокимаи озоди нақша-чорабиниҳои таҳиягардида, банақшагирии фаъолият дар самти минтақавӣ, шаҳр, ноҳия ва муассиса мавриди баррасӣ қарор мегиранд. 

Ба иштирокчиёни семинарии омўзишӣ сертификати ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Иттифоқи касабаи омўзгорони Шветсия ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

От admin