21-уми октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансур дар фазои идонаву тантанавӣ Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда шуд, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Зулҳия Нозакзода, раисони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, собиқадорони соҳаи иттифоқҳои касаба ва меҳмонон иштирок намуданд.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Зулҳия Нозакзода иштирокдорони чорабинии тантанавиро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки марҳилаи рушди иттифоқҳои касаба дар таърихи сиву як соли Истиқлоли давлатӣ маҳз аз соли 2011 сифатан оғоз ёфт. Ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияташро пурсамар намуд. Дар баробари ин, бузургтарин рӯйдоди муҳимми таърихӣ барои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 24 октябри соли 2019 мебошад ва имсол бошад, дар саҳифаҳои дурахшони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон як рӯйдоди муҳимми таърихӣ, ки он ҳам ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, бори аввал, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил намудани Рӯзи иттифоқҳои касаба мебошад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни суханронии худ зикр кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – кормандону аъзоёни ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ – иттифоқҳои касаба бори нахуст Рӯзи иттифоқҳои касабаро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву созандагӣ таҷлил менамоем ва ин боиси ифтихор аст.

  • Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм рисолати хешро дар доираи шарикии иҷтимоӣ анҷом дода, дар доираи Созишномаи соҳавӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст, – зикр кард вазир Р.Саидзода. – Боиси қайд аст, ки фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар самти таъмини иҷрои уҳдадориҳои қабулгардида ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию меҳнатии кормандони соҳаи маориф ва илм, танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмин намудани ҳифзи меҳнат, назорати ҷамъиятӣ оид ба пардохти саривақтии музди меҳнат, сафархарҷии кормандони соҳа, сафарбарӣ ба осоишгоҳҳо, ташкили истироҳати тобистонаи фарзандони кормандони соҳа ва дигар ҳадафҳои оинномавӣ нисбат ба солҳои гузашта вусъат ёфтааст.
    Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар идома суханронӣ намуда, зикр кард, ки Иттифоқи касаба — ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрӣ буда, дар он шаҳрвандон аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнашон муттаҳид мегарданд.
  • Асоси фаъолияти муштарак ва шарикии иҷтимоии иттифоқҳои касабаро Созишномаи минтақавӣ ташкил медиҳад, ки он байни кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 – 2023 ба имзо расонида шуда, мазмуну муҳтавои он ба амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳа равона гардидааст, – зикр кард Д.Одилзода. – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати пайдо намудани роҳҳои инкишофи масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат, бо ҷойи кор таъмин намудан, пардохти саривақтии музди меҳнат, кафолати иҷтимоӣ ва дастгирии моддиву маънавии кормандони соҳа чораандешӣ намуда, бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои мушаххасро мунтазам амалӣ менамояд.
    Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар рафти суханронии худ зикр кард, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 октябр – Рӯзи иттифоқҳои касаба муқаррар карда шудааст ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири эҳтирому арҷгузорӣ ба фаъолияти пурсамари ҷамъиятии аҳли маориф яке аз аввалинҳо шуда ин ҷашни соҳавиро ботантана таҷлил намуда истодааст.
    -Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати мамлакат баромад менамояд. Аз ин рӯ, ҷиҳати қадрдонии фаъолияти босамари ин ниҳоди ҷамъиятии муттаҳидкунандаи кормандони касбу кори гуногун ва аъзоёни он чорабиниҳои гуногуни идона бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба ба нақша гирифта шудааст, – қайд кард М.Неъматзода.
    Дар идома, зимни маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода нишони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон «Барои шарикии иҷтимоӣ» ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода “Ифтихорнома”-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тақдим карда шуд.
    Ёдовар мешавем, ки нишони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон «Барои шарикии иҷтимоӣ» навтаъсис буда, нахустини он ба вазири маориф ва илм супорида шуд.
    Ҳамзамон, ба муносибати таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ба 6 нафар кормандону аъзоёни иттифоқҳои касаба “Ҷоизаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 3 нафар нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», ба 5 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 5 нафар “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ба 19 нафар “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 53 нафар собиқадорони соҳа туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.
    Бояд зикр кард, ки ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба байни ташкилотҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм озмунҳои «Беҳтарин ташкилоти шаҳрӣ», «Беҳтарин ташкилоти ноҳиявӣ», «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» ва «Беҳтарин Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ» доир гардида буд, ки дар чорабинии мазкур дар вазъияти тантанавӣ ғолибони озмунҳо бо ҷоизаҳои махсус ва “Диплом”-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Исфара «Беҳтарин ташкилоти шаҳрӣ», Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Вахш ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Ишкошим «Беҳтарин ташкилоти ноҳиявӣ», ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 105 ноҳияи Шоҳмансур «Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи беҳтарин» ва Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ «Беҳтарин Иттифоқи касабаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» дониста шуданд.
    Дар охир барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд ва рақсҳои ҷолиб, ки аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №113-и ноҳияи Сино ва сарояндагони шинохтаи кишвар омода гардида буд, пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

От admin