4 ноябр дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар рушди ҷомеаи демократӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аҳамияти таърихии Конститутсия сухан гуфт.
Ӯ иброз дошт, ки аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти он, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, дар Конститутсия дарҷ гардидааст, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.
Сипас, Ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавсӣ Гуландом Рустамзода дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар рушди ҷомеаи демократӣ» маърӯза намуд.
Зикр гардид, ки Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеа андешаи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми демократиро ба вуҷуд овард.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин Холов Х.Р., раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Ҳ.Зикрзода, раиси Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ оид ба аҳамияти таърихӣ ва нақши Конститутсия дар рушди ҷомеаи демократӣ ибрози андеша намуданд.

От admin