Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври минтақавии Спартакиадаи варзишӣ байни кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии шаҳри Душанбе аз рўи намуди футболи хурд оғоз гардид.
Зимни ифтитоҳи даври минтақавии Спартакиада, зикр гардид, ки баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвари мо муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Бахшида ба рўзҳои таърихӣ ва идҳои умумихалқиву ҷашнҳои миллиамон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо кормандони ташкилоту муассисаҳо, бахусус ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ҳунар ва маҳорати хешро намоиш медиҳанд.
Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳамасола ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар байни аъзоёни иттифоқи касаба чорабиниҳои варзишӣ дар шакли Спартакиадаи варзишӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.
Зикр гардид, ки соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бошукуҳ таҷлил мегардад. Баргузории мусобиқа аз рўйи намуди футбол хурд маҳз ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст. 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Дар даври минтақавии Спартакиадаи варзишї аз рўи намуди футболи хурд 12 дастаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии шаҳри Душанбе байни ҳамдигар қувваозмої менамоянд.
Рўзи 19 майи соли равон даври минтақавии Спартакиадаи аз рўи намудҳои футболи хурд, тениси рўи миз ва шоҳмот ҷамъбаст гардида, ғолиби мусобиқа ба даври ҷумҳуриявии Спартакиада роҳхат мегиранд.






























