Кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кормандони муассисаю ташкилотҳо ва аҳолии пойтахт дар чорабинии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки иштирок дар Дави миллӣ ва дигар чорабиниҳои варзишӣ яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳамчун омили беҳтарини тандурустӣ ва солимии аъзои ҷомеа ба ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, суботу устуворӣ ва сарсабзиву шукуфоии кишвари азизамон мебошад.

От admin