Кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар Осорхона» иштирок намуда аз тамошои он ғизои маънавӣ бардоштанд.
Зикр гардид, ки иштирок дар чунин барномаи фарҳангию фароғатї ба таҳкиму тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ мусоидат менамояд.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (18 май) табрик намуда барои ташкили барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар Осорхона» изҳори сипос менамояд.

От admin