Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври минтақавии Спартакиадаи варзишӣ байни кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии шаҳри Душанбе аз рўи намуди футболи хурд байни мардон, тениси рўйи миз ва шоҳмот байни бонувон ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷамъбаст гардид.
Зикр гардид, ки баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвари мо муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Бахшида ба рўзҳои таърихӣ ва идҳои умумихалқиву ҷашнҳои миллиамон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо кормандони ташкилоту муассисаҳо, бахусус ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ҳунар ва маҳорати хешро намоиш медиҳанд.
Бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳамасола ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар байни аъзоёни иттифоқи касаба чорабиниҳои варзишӣ дар шакли Спартакиадаи варзишӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.
Таъкид гардид гардид, ки соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бошукуҳ таҷлил мегардад. Баргузории мусобиқа аз рўйи намуди футбол хурд маҳз ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст. 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Дар ҷамъбасти даври минтақавии Спартакиадаи варзишӣ дастаи футболи хурди Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, дастаи тенизбозони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов байни бонувон, дастаи шоҳмотбозони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон байни бонувон ба даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ роҳхат гирифта, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври минтақавии Сапартакиадаи варзишӣ бо диплом ва тўҳфаҳои молиявӣ ва хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

От admin