Дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рўзи ҷаҳонии футбол даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ аз рўи намудҳои футболи хурд, тениси рўи миз ва шоҳмот байни кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ бо иштироки Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шаҳобзода Сайвалӣ Қурбоналӣ, сардори раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки баргузории Спартакиадаи варзишӣ байни кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар арафаи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рўзи ҷаҳонии футбол ҷиҳати беҳдошти ҳаёти ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат, таҳкими ҳисси ватандўстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллӣ равона гардидааст.
Зикр гардид, ки дар фарҳанги миллии мо варзиш – рамзи ҷавонмардӣ ва шуҷоату далерӣ шинохта шуда, ҷомеа ба таври оммавӣ ба машқу тавонмандӣ ҷалб карда мешаванд. Соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ба оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солими ҷомеа равона гардидааст.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз амалӣ кардани сиёсати давлат дар соҳаи варзиш, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб, аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ обутобёфта ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи тавонои Тоҷикистон мебошад.
Соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бошукуҳ таҷлил мегардад. 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар қароргоҳи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баёнгари мақом ва нуфўзи варзиши Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ дастаи футболи хурди Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мақоми аввал, Донишгоҳи давлатии бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон мақоми дуюм ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав макоми сеюмро касб намуданд.
Дар байни бонувон дастаи тенизбозони Донишгоҳи давлатии бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон мақоми аввал, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав мақоми дуввум, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мақоми сеюм, дастаи шоҳмотбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мақоми аввал, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми дуввум ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав мақоми сеюмро касб намуданд.
Ғолибони даври ҷумҳуриявии Спартакиадаи варзишӣ бо ҷоиза ва тўҳфаҳои молиявӣ ва хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.



































