25 май дар Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мактаби варзишии ҷавон ва наврасони иттифоқҳои касаба, феставли футбол байни клубҳои наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Зикр гардид, ки дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузори фестивали футбол дар самти оммавӣ гардонидани футбол, таҳкими нақши он дар байни наврасон ва тарғиби тарзи ҳаёти солими онҳо манфиатбахш мебошад.
Ёдовар гардид, ки маҳз бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
Таъкид гардид, ки футбол дар Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдат, ифтихори миллӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва омили муҳимми муаррифии давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз рушду инкишоф меёбад ва мухлисону ҳаводорони ин намуди варзиш аз дастовардҳои нав ба нави футболбозони тоҷик рӯҳбаланду сарфароз мегарданд.
Дар анҷоми феставил ба муносибати Рўзи ҷаҳонии футбол ба наврасон ва кўдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

От admin