4 августи соли 2025 дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» чорабинии фарҳангию фароғатӣ оид ба ҷамъбасти басти чоруми истироҳати кўдакон дар истироҳатгоҳ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кўдакони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кўдакон ва наврасон қарори дахлдор ба тавсиб мерасад.
Зикр гардид, ки дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар мавсими тобистони соли 2025 дар чор баст кўдакону наврасон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба истироҳату фароғат фарогир гардида, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони истироҳатгоҳ шароити мусоидро ҷиҳати истироҳати онҳо фароҳам оварданд.
Истироҳаткунандагон барномаи рангини худро таҳти унвони «Хайр истироҳатгоҳ» пешкаши ҳамсолон ва падару модарон гардонида, таасуротҳои хешро аз истироҳату истироҳатгоҳ иброз доштанд.










