Бо ташаббуси Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи варзишгарон байни дастаҳои наврасон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хўрд ҷамъбаст гардид.
Таъкид гардид, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонону варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумат иқдомҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм варзишро гарави саломатӣ дониста, ҷиҳати пешбурди тарзи ҳаёти солим кўшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Воқеан, муносибати ҷомеа ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ беҳтар шуда, иштироки фаъолонаи кўдакону наврасон дар чорабиниҳои варзишӣ аз мавқеи ояндабинии онҳо аз тарзи ҳаёти солим дарак медиҳад.
Зикр гардид, ки кўдакону наврасон барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби хеш кўшишу ғайрат намуда, маҳорату таҷрибаи андўхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш ва омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои оянда сафарбар менамоянд.
Дар анҷом ба ғолибони мусобиқа туҳфаҳои хотиравии Маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.












