12 августи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони Иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касабї ва зерсохторҳо семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари омўзишӣ оид ба масъалаҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар иттифоқи касаба, уҳдадориҳои корфармо, риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ ва бастани шартномаи коллективӣ, ташкили кор оид ба ҳифзи меҳнат дар муассисаҳои таълимӣ, тарзи таҳия ва мувофиқасозии тақсимоти сарборӣ дар муассисаҳои таълимӣ, маблаѓҳои иттифоқи касаба ва истифодаи самаранокӣ он ва хатари эксттремизму терорризм ва роҳҳои пешгирии он ба раисони ташкилотҳои иттифоқи касаба дастурҳои корї тавсия карда шуд.
Тибқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузории семинари омўзишӣ барои раисони ташкилотҳои соҳа дар минтақаҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва Рашт банақша гирифта шудааст.








