Санаи 03 сентябри соли 2025 дар доираи таъмини иҷрои дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2025, №24/10-89 ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Раҳмон Шукурии ноҳияи Темурмалик мулоқоти раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯдакони мактаб-интернати ба номи Раҳмон Шукури ноҳияи Темурмалик баргузор гардид. Дар мулоқот Нозакзода Зулҳия — раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширинзода Муҳиддин — раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Асомуддинзода Қурбоншо — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик ва дигар шахсиятҳои расмӣ ширкат доштанд.
Зимни мулоқот Нозакзода Зулҳия аз хобгоҳи мактаб-интернат низ дидан намуда, бо шарту шароитҳои он шинос гардид. Аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҷиҳати беҳтарсозии шароити зисти кӯдакон, қолинҳои нав ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ эҳдо гардид, ба хонандагони мактаб-интернат туҳфаҳои идона аз ҷумла, ашёҳои хониш тақдим карда шуд. Инчунин ба омӯзгорони ниёзманди мактаб-интернат кӯмакҳои молиявӣ низ расонида шуд.
Иқдомҳои зикршуда дар рӯҳияи дастгирии табақаҳои ниёзманд, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии мамлакат амалӣ гардида, бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ба тарбияи насли ояндасоз мебошад.

От admin