17 октябр бо иштироки кормандону собиқадорони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дар толори маҷлисгоҳи Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» чорабинии идона ба муносибати Рўзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии идонаро Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сипас Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, кормандон, собиқадорони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмро ба иди касбӣ – Рўзи иттифоқҳои касаба табрик намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити муосир, танзими муносибатҳои меҳнативу иҷтимоӣ яке аз воситаҳои таъмин намудани суботи иҷтимоии кишвар мебошад, ки ҳамкории муштараку мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро ифода мекунад.
24 октябри соли 2019 дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.
Имсол дар саҳифаҳои дурахшони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣпанҷ сол сипарӣ мегардад.
Баъди баргузории ин мулоқоти таърихӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23 декабри соли 2021, Рӯзи иттифоқҳои касаба таҷлил карда мешавад.
Зимни мулоқот Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки «мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад».
Таъкид гардид, ки рисолати Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар корманд мебошад.
Дар чорабинии мазкур, кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бо мукофотҳои соҳавии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, ғолибони Озмунҳои «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба», «Гўшаи беҳтарини иттифоқи касаба», бо диплому мукофотҳои молиявӣ қадрдонӣ гардида, дар анҷом барномаи фарҳангӣ манзури иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳунармандони Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангии худро пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.

От admin