1 ноябри соли 2025 дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Қурбонов Муҳаммад, муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон новобаста аз давраи ниҳоят мушкили сиёсию иҷтимоӣ, бо руҳияи хушбинона ва боварӣ ба тавонмандию маҳорати фавқулодаи абармарди сиёсӣ ва шахсияти таърихӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар як раъйдиҳии умумихалқии демократӣ Конститутсияро бо иттифоқи оро қабул кард, ки бо ин сарнавишти худро муайян кард.
Зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихиро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ҷомеаи мо аз давраи бисёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.
Абдураҳимзода Дилором Рустам., муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юнусов Ҷамшед, мудири шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустакили Тоҷикистон дар чорабинии мазкур иштирок намуда, оид ба таърихи қабули Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолият ва аҳамияти он дар рушди давлатдории Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.





















