24 ноябр кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кормандони идораву муассисаҳо дар роҳпаймоии идона бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар майдони Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» баргузор гардид, иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад.
Таъкид гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои пурифтихор ва қарзи виҷдониву инсонии ҳар як шаҳрванд дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба ҳисоб меравад.



