Рўзҳои 2-6 декабри соли равон дар доираи ҳамкориҳои судманд Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи Қувайт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зикр гардид, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, махсусан ҷаҳони араб рӯ ба афзоиш намуд. Аз ҷумла ҳамкориҳои гуногунсамти Тоҷикистон бо Давлати Қувайт ва Ҷумҳурии Миср Араб дар муносибатҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ҳам дар ҳолати рушд дида мешавад.
Сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои арабӣ ва натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, боиси тақвияти ҳамкориҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гардидааст.
Ин ҳамкориҳо равобити дуҷонибаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро дар мисоли ҳамкориҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи Қувайтро ба миён оварданд.
Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм бо иштироки муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои соҳа вохўрии ҷонибҳо баргузор гардид.
Дар вохўрии мазкур, нахуст мулоқоти Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Ҳишам Абдулазиз Ҳасан Ризвон, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Миср, ҳамзамон раиси Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо тавсеи ҳамкориро байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи Миср, ки яке калонтарин ташкилоти иттифоқи касаба дар байни кишварҳои арабӣ мебошад, ба миён гузоштанд.
Дар доираи чорабинии мазкур, мулоқоти раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Одил Сауд Малфи Сауд Завид Азмӣ- раиси Иттифоқи касабаи маорифи Қувайт ва Ҳишам Абдулазиз Ҳасан Ризвон, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Миср, ҳамзамон раиси Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср доир гардид.
Байни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттифоқи касабаи маорифи Қувайт, Ёддошти тафоҳум иборат ба имзо расонида шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои судманд дар сатҳи ташкилотҳои иттифоқи касаба, баргузории конфронсҳои илмиву амалӣ, табодули таҷрибаи корӣ, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Дар мулоқот робитаҳои байниҳамдигарии ташкилотҳои иттифоқи касаба, густариши ҳамкории фарогири дуҷониба, истифодаи имкониятҳои муҳим дар табодули таҷриба, такмили ихтисос, татбиқи лоиҳаҳои муштарак арзёбӣ гардида, ҷонибҳо ҳавасмандии худро оид ба тавсеаи бештари ҳамкориҳо иброз доштанд.
Ҳамчунин ҳайати Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи Қувайт бо фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардида бо устодону донишҷўён дидору мулоқот намуда, ҳамчунин, аз дастовардҳои даврони истиқлол дар шаҳри Душанбе шинос гардида, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Қасри фарҳанги «Арбоб», мавзеи таърихию кишваршиносии Қалъаи Ҳисорро тамошо намуданд.

От admin