16 декабри соли 2025 дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм тамошои дастҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Дар тамошои пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки кормандони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм дастурҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллатро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ватани азизамон сармашқи кори худ қарор дода, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош менамоянд.

От admin