26 декабар дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказӣ, раисони ташкилотҳои соҳа дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоянд ва дастгирию таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморанд.
Зикр гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки рўзи 16 декабри соли равон пешниҳод гардид, дастовардҳои кишвари азизамон дар солҳои охир мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Дар ҳамоиш Файзизода И.Н., муовини яекми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин, Сангинов К., сарнозири ҳуқуқи шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои маориф дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърўза намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки бояд бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон–Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшишу талош намоем.


















