26 декабри таҳти раёсати Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Файзизода И.Н., муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маҷлиси раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст, ҳисоботи раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2035 шунида шуд.
Сипас Қурбонов М.С., муовини раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи фаъолияти нозирони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум, Раҳимов Қ.М., сардори раёсати кор бо кадрҳо, ташкилӣ ва коргузорӣ оид ба рафти иҷрои қарорҳои пленум, раёсат, нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025, Сангинов К., сарнозири ҳуқуқи шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ, оид ба вазъи назорати ҷамъиятии риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбии аъзои иттифоқи касаба дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Данғара гузориш доданд.
Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ гардида, оид ба назорати ҷамъиятии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омўзгор», дар бораи ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ оид ба саривақт пардохт гардидани музди меҳнати кормандони соҳа, таъсиси Шўрои ҷавонони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар анҷоми маҷлис, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омўзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар байни кормандони соҳа, иҷрои қарорҳои пленум, раёсат ва нақшаи чорабиниҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, омодагӣ ба истиқболи солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ ба аъзоёни раёсат, раисони ташкилотҳои соҳа дастуру супоришҳои дахлдор доданд.


















