13 феврал дар маҷлисгоҳи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм таҳти раёсати раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода маҷлиси пленуми Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзои пленум, кормандони воҳидҳои сохтории Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва раисони ташкилотҳои соҳа иштирок карданд.
Нахуст гузориши Боқилов А., сардори раёсати молия, банақшагирӣ ва хоҷагидорӣ оид ба вазъи иҷрои буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 шунида шуд ва буҷети Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 тасдиқ карда шуд.
Сипас оид ба вазъи назорати ҷамъиятии риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва касбии аъзои иттифоқи касаба дар Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияиҳои Дўстӣ, Шаҳритус, Иттифоқи касабаи муттаҳидаи донишҷуён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров гузориши Қурбонов М., мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ ва дар бораи омори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 гузориши Расулов Б., мутахассиси пешбари шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ шунида шуд.
Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи баргузории маҷлисҳои ҳисоботию интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор лоиҳаи қарору нақшаи чорабиниҳо баррасӣ шуда, аз руи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқболи сазовори ҷашни – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои қарорҳои Шўрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, қарорҳои пленум, раёсати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, дар доираи шарикии иҷтимоӣ ҳамоҳангӣ намудан оид ба андешидани тадбирҳои доимӣ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ, соҳибӣ кардан, омўхтан, идома додан ва ба мерос гузоштани мероси оламшумули аҷдодон, забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангини башардўстона, аз ҷумла Наврўзи байналмилалӣ, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидона, ҳамчун арзиши бузурги инсондўстона шиори зиндагии худ қарор додани пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек ба аъзои пленум, раисони ташкилотҳои соҳа дастуру тавсияҳо доданд.
















