18 январи соли равон дар толори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо иштироки Маликшоҳ Неъматзода-раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.
Одиназода Рамазон Сафар-раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 гузориш дода, оид ба тасдиқи нақшаи кори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2021, вазъи иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар кумитаҳои иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, оид ба қатъ намудани ваколатҳои Шеров Ё.-
раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Ванҷ, Ғуломшоев Н.- раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Дӯстӣ бинобар сабаби фавт, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар чаласа Маликшоҳ Неъматзода-раиси Федератсияи иттифоқкасабаи мустақили Тоҷикистон оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баромад намуда, фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2020 мусбӣ арзёбӣ намуд.

От admin